четверг, 4 февраля 2010 г.

Узбекистон барои бадаст овардани ичозаи ташхиси тарххои энержии Точикистон умедро аз даст надодааст..


       Муаллифи ин сутур дар мавриди даъвати навбатии чумхурии Узбекистон чихати анчом додани ташхиси неругохи Рогун ва хамзамон аз лихози экологи химоя шудани тарххои энержии Точикистон гузорише омода намуда ки он каблан тавассути родио "Имруз" шунавонида шудааст ва инчо шакли хаттии онро манзур мегардонам.

    Хукумати чумхурии мардумии Чин тасмим гирифтаст, ки бахши энержии кишварашро пурра тадкик намояд. Бо ин максад хафтаи сипаришуда Шурои давлатии Чин Кумисияи миллии энержиро тахти рахбарии Вень Цзябао таъсис дод. Хадафи асли коркарди стратегияи амнияти энержии Чин аст, ки бо ин максад дар хайати кумисияи мазкур Вазири умури хорича Ян Тсечи ва рахбари амнияти давлатии Чин Гэн Хуэйчан шомил шудаанд. Гуфта мешавад, Кумисияи миллии энержии Чин шабехи Кумитаи таъсиси додаи нахуствазири ИМА Дик Чейни мебошад, ки онро номбурда замони хучум ба Ирок ва Афгонистон таъсис додааст.

 

      Тахлилгарони донишгоххои Колумбия ва Йел натичаи тадкикоти худро оид ба вазъи экологии кишвархои дуне нашр намуданд. Ин хайати мухитшиносон хар ду сол дар асоси асноди барномахои мухиталифи Созмони Милали Мутахид, Бонки Чахони ва Институти захоири чахони вазъи экологии сайёраро тахти унвони «Нишондоди дастовардхои экологи» тахлил мекунанд. Ин навбат гузориши мухитшиносон дар асоси санчиши вазъи экологии 163 кишвари дуне аз руйи 25 нишондоди асли тахия шудааст. Чойи аввалро дар фехрасти мазкур нимчазираи Исландия ишгол карда, баъдан давлатхои Шветсария, Коста-Рика ва Норвегия омадаанд. Бояд гуфт, ин давлатхоро мухитшиносон барои чахду талошашон дар мавриди рушди экологии инфросохтори дар садри аввал чойгузин кардаанд. Аз кишвархои минтакаи Осиёи Маркази Туркманистон дар дахгонаи кишвархои бадтарин аз лихози экологи шомил шуда, мавкеи 157-умро ба худ касб кардааст. Аз хама охир кишвари Сьерра Леон карор дорад. Маврид ба зикр аст, «Нишондоди дастовардхои экологи» аз соли 2006 ин су дар ду сол як маротиба нашр мешавад, ки бори аввал мухитшиносон вазъи экологии кишвархои дунеро аз руйи 16 нишондоди асли бахогузори мекарданд.

 

РОВИ: Пас аз шунидани чанд хабари чадид оид ба вазъи экологии чахон бармегардем сари бунеди неругохи обии Рогун. Чунин ба назар мерасад, ки Узбекистон хамоно зидди бунеди ин иншооти хаётан мухими Точикистон аст. Зеро, хамакнун нахуствазири Узбекистон унвони хамтои точики худ Окил Окилов мактубе навиштааст, ки аз мухтавои он шуморо Хумайрои Бахтиёр ошно месозад. Бо мо бошед.

 

ХУМАЙРО: Шавкат Мирзиёев, нахуствазири Узбекистон бо ирсоли мактубе унвони Окил Окилов бори дигар хостори ташхиси неругохи обии Рогун шудааст. Мактуби нахуствазири Узбекистон дар хафтаномаи расмии ин кишвар «Правда Востока» нашр шудааст. Дар он Шавкат Мирзиеев гуфтааст, ки масъалаи мазкур барои манфиати кули кишвархои минакаи Осиёи Маркази мебошад. Нахуствазири Узбекистон аз мурочиатхои бенатичаи хукумати кишвараш ба хукумати Точикистон,  федератсияи Русия ва дигар сохмонхои байналмилали рочеъ ба хатми будани ташхиси мустакили неругохи Рогун, ки бунеди он солхои 80-уми асри гузашта огоз шудааст, оварда гуфтааст, ки тархи энержии мазкур ниёз ба ташхис дорад. Ба иддаои нахуствазири Узбекистон кишвараш танхо ба хотири мутобики тархи эенржии солхои шурави бунед шудан, чунин мавкеъгири дорад. Узбекистон иддао дорад, ки кабл аз шуруъ намудани бунеди Рогун, он бояд аз чониби мутахасисон холисона оид ба натичаи бунеди иншооти бузурги Осиёи Маркази ва таъсири он ба кишвархои минтакаи бахогузори шавад ва бояд ба чанд омил таваччух кард:

-неругохи Рогун метавонад, ба мувозинати экологии меъери минтакави дар робита ба окибати фочиавии бахри Арал хисорот орад;

-бунеди Рогун метавонад ба чоришавии Амударе, ки бештар аз миллионхо ахолии кишвархои минтака аз хисоби он хаёт ба сар мебаранд, таъсири манфи расонад;

омадааст дар мактуби Шавкат Мирзиёев.

  Гуломиддин Сайфиддинов, коршиноси масоили энержи мегуяд, Узбекистон хамеша нисбати тарххои энержии Точикистон гараз дошт ва Душанбе ниез ба мутахасисони «сохта»-и хукумати Узбекистон надорад, зеро неругохи Рогун дар асоси санади байналмилали пас аз ташхиси мутахасисони созмонхои байналмилали бунед мешавад. Ба бовари номбурда даъвои Узбекистон беасос буда, бунеди неругохи Рогун хеч рабте ба Амударёву окибати фочиавии бахри Арал надорад.:

SADO: 1 «Фочиаи Арал 60 дарсад аз чониби Узбекистон ба вучуд омад, зеро ин кишвар зиеда аз 50 обанборхои бузург сохт ва дар кулхо обхоро такшин карда онро бо роххои махсус бухор мекард. Гунчоиши ин обанборхои сунъии Узбекистон аз гунчоиши Арал зиед аст »

   Ба иддаои Гуломиддин Сайфиддинов ирсоли мактуб бозии навбатии Узбекистон буда, Точикистон ба мисли Узбекистон хеч гох ба бухорнамоии об даст намезанад. Мушкили чониби Узбекистонро коршиноси масоили энержи дар самаранок амал нашудани системаи энергияи хароратии Узбекистон бидуни системаи энержии Точикистон арзеби намуда мегуяд, зери ин мактуб ва дархости Тошканд найрангхои сиёси нихон аст.

SADO: 2 «Точикистон набояд хар гапхои бехудаи Узбекистонро гуш дихад, чониби Точикистон бояд корхои худашро идома дихад дар ин замина. Аз чониби дигар Точикистон истгохи барки обиро дар дарехои худаш бунед мекунад, комилхукук аст ва дигар набояд аз дигар касс ичозат пурсад, чун истгохи барки мо обро намехурад, тавре обанборхои Узбекистон бехуда бухор мекунанд »

    Нахуствазири Узбекистон хамзамон дар мактуби худ гуфтааст, ки мутахасисон бояд дарачахои химояи лоихаи мазкурро аз хатархои хусусияти техногени, махсусан заминларзахои шадид дакик намоянд, зеро ба бовари Шавкат Мирзиёев бунеди неругохи Рогун дар минтакае чойгир шудааст, ки аз чихати сейсмологи ташвишовар мебошад. Макомоти Узбекистон хамзамон нигарони аз он доранд, ки неругоххои обии Норак ва Тухтагул ба таъмири капитали ниез дошта, дар хар сурат метавонад мувочехи мушкилихо гардад. Ба таври мисол нахуствазири Узбекистон аз садамаи неругохи Саяно-Шушенскии Русияи овардааст. Дар хамин хол, Яраш Пулодов, мудири Пажухишгохи Вазорати об ва обёрии Тоҷикистон, мегуяд, даъвои Узбекистон дар ин маврид асоси илми фанни надорад, зеро олимону донишмандон ва мутхасисону коршиносон тархи энержии Рогунро муддати зиеда аз 30 сол омухтаанд. Давлат Назриев, сухангуи Вазорати умури хоричии Точикистон мегуяд, ки феълан мактуби нахуствазири Узбекистон мавриди омузиши нахуствазир Окил Окилов карор дорад.  

     Бояд гуфт, чунин мавкеъгирии Узбекистонро созмонхои байналмилали, назири Созмони Милали Мутахид, Иттиходи Аврупо, Бонки Чахони, Бонки Рушди Исломи ва Бонки Рушди Осиёву хамзамон федератсияи Русия чонибдори кардаанд. Аммо, мегуяд нахуствазири Узбекистон новобаста ба мурочиатхои пай дар пайи Тошканд хукумати Точикистон аз ин даъво ва даъвати Узбекистон хамеша батаваччухи зохир кардааст. Ин хам дар холест, ки ба бовари Абдугафори Камол тахлилгари точик чониби Точикистон хеч гох мурочиатхои на танхо Узбекистон, балки тамоми кишвархои минтакаиро сарфи назар накардааст:

САДО: 1 «Точикистон кариб 10 сол ба ин харфхо гуш дод ва Рогунро насохт ва чун дид, ки рох ба чойе намебарад худаш тасмим гирифт бо неру ва сармояи дохили бисозад. Акнун на ин ки Моро тахкир намекунанд, балки Моро эътироф хам мекунанд ва имруз Узбекистон фардо дигар ва пасфардо дигар мехоханд бо мо аз мавзуъи баробар сухбат кунанд харфи худро бигуянду ба харфи мо гуш диханд »

     Дар мавриди даъвои дигари хукумати Узбекистон, яъне тишхиси тархи энержии Точикистон кабл аз бунед, бояд гуфт, ки тибки маълумоти Вазорати энержи ва саноати кишвар натичаи ташхиси неругохи Рогун ба хама давлатхои минтакави аз чумла Узбекистон равон шудааст. Абдугафори Камол, тахлилгари точик мегуяд, бо вучуди ризоияти чониби Точикистон барои ташхиси неругох, даъвои Узбекистон дар ин замина беасос аст:

САДО: 2 «Хамин тарх бо ин хусусиятхояш дар Тошканд ба вучуд омада зиеда аз 30 сол омузиш шудааст. Бисер содалавхист, ки агар мо бигуем, як тархи бузурге ба мисли Рогун дар солхои шурави тархрези шуда онро танхо барои 40 сол омухтаанд ва наметавонем онро амали намоем, зеро он кухна шудааст. Ин тархро мутахасисони шурави барои зиеда аз садсолахо омухтаанд..»

    Мактуби расмии хукумати Узбекистон гувох аз он аст, ки хамакнун чониби Тошканд тасмим гирифтааст, то бо Точикистон дар мавриди бунеди тарххои энержи музокирот намояд, изхор дошт Абдугафори Камол. Тахлилгари точик бар ин назар аст, ки мактуби нахуствазири Узбекистон оханги шартгузори ва тахдидро надорад. Ёдровар мешавем, чумхурии Узбекистон хамчун кишвари поёноби Осиёи Маркази хамеша зидди тарххои энержии Точикистон буд ва борхо талаби катъи бунеди неругохи Рогунро кардааст. Тахлилгарон бар ин назаранд, ки Узбекистон то ба охир барои ба даст овардани хукуки ташхиси неругохи Рогун талош хохад варзид. Ва пайдо шудани як фраксияи мухитшиносонро дар порлумони Узбекистон тахлилгарон пофишории Тошканд чихати эчоди монеа барои амалишавии тарххои энержии Точикистон медонанд. Ин хам дар холест, ки тибки маълумоти масъулини Точикистон тамоми тарххои энержии кишвар аз лихози экологи ташхис ва химоя шудаанд.

 

 

 

 

 

1 комментарий:

  1. Я порекомендую всем, кто ищет бизнес-ссуду, мистеру Бенджамину, который помог мне с ссудой в четыре миллиона долларов, чтобы начать свой бизнес, и это было быстро. Когда они получали ссуду, было удивительно, насколько легко с ними было работать. Процесс был быстрым и безопасным. это был определенно положительный опыт. избегайте мошенников здесь и связались с мистером Бенджамином. 247officedept@gmail.com. whatsapp ... + 19893943740. если вы ищете бизнес-кредит.

    ОтветитьУдалить