пятница, 5 февраля 2010 г.

Афзоиши мардуми чинои бар манфиати Точикистон аст?


Иёлоти Мутахидаи Амрико, Олмон ва Бритониё аз давлати Эрон талаб доранд, то пешниходи онхоро дар мавриди сузишвории хастаи кабул намояд. Намояндагони кишвархои мазкур гуфтаанд, ки Техронро зарур аст, то тавассути Очонсии байналмилалии хастаи суханони райси чумхури Эрон Махмуди Ахмадинажодро тасдик намоянд. Мавриди тазаккур аст, каблан Махмуди Ахмадинажод зимни як баромади худ гуфт, ки кишвараш омадааст, то урони дохилиро барои коркард ба кишвархои хорич бифирстад. Дар хамин хол, чониби Фаронса низ пешниходи рафиконаш: Амрико, Бритониё ва Олмонро чонибдори кардааст. Гуфта мешавад, кишвархои гарб харос аз он доранд, ки Эрон ба таври пинхони силохи хастаи коркард мекунад. Чониби Эрон ин даъвои давлатхои гарбро беасос хонда, эълон доштааст, ки танхо бо тахкики бахши атомии энержи машгул аст. 

 

Вашингтон мавкеъи худро оид ба ифтитохи бозорхои чиноии махсулоти амрикои шадидтар менамояд, дар ин бора Барак Обама рахбари Кохи Сафед зимни мулокот бо Хизби демкоратхо эълон доштааст. Дар сурати ичро нашудани созишномахои муштараки тичоратии Вашингтону Пекин Амрико ба Чин фишор хохад овард, изхор доштааст, Барак Обама. Аммо мегуяд Обама ин даъво маънои ба сарди гаравидани равобит ва хамкории ду кишварро надорад. Бояд гуфт, муносибати Амрикову Чин хафтаи сипаришуда пас аз эхтимоли ба вучуд омадани шартномаи фуруши силохи амрикои ба Тайван ба сарди гаравид. Хамзамон Вашингтонро феълан иттилои хамла овардани хаккерхои чини ба сомонахои амрикои ба тавиш овардааст. Зимнан, чанде кабл хукумати Чин макомоти Амрикоро хушдор дод, ки дар сурати анчом ёфтани мулокоти Барак Обама бо рахбари рухониёни Тибет Далай-лама муносибати дустии харду кишварро хатар тахдид мекунад. Дар хамин хол, хукумати Чин ин огохии райиси чумхури Амрикоро шадидан инкор карда гуфтаанд, ки хамакнун мавкеашонро нисбат ба кушодани бозори махсулоти амрикои дигар хоханд кард.

 

РОВИ: Чунин ба назар мерасад, ки вактхои охир на танхо Амрико, балки дигар кишвархои чахон зимни баркарор намудани хамкори бо чумхурии мардумии Чин новобаста аз бахш нозукихои масоил ва пайомади онро мавриди омузиш карор медиханд. Ба таври мисол, фраксияи хизби сотсиал демократхо дар порлумони Киргизистон аз масъулини Вазорати маорифи ин кишвар даъват кардаанд, то хангоми устувор намудани хамкори бо хамтоёни чинашон аз эхтиёт кор бигиранд. Сабаби чунин дархости намояндагони хизби сотсиал-демекоратхои киргиз ва чи пайомад доштани афзоиши мардуми чинро дар Точикистон дар пешниходи Хумайрои Бахтиёр мешунавем.

 

Роза Отунбоева, рахбари фраксияи хизби сотсиал-демократхо дар порлумони Киргизистон гуфтааст, ки бунеди мактабхои хитои ба амнияти идеоложии кишвараш хатар дорад. Ин изхороти хонум Роза Отунбоева дар холе садо медихад, ки Вазорати умури хоричии Киргизистон мактуби расмии Чумхурии мардумии Чинро дар мавриди баррасии лоихаи бунеди муассисахои таълимии забони чинои дар каламрави Киргизистон тасдик намудааст. Ба маълумоти муовини Вазири маорифи Киргизистон хонум Умуткан Тыналиева мактаби тахсилоти хамагони бо кумаки молии чумхурии Чин дар хачми 5- млн юан бунед шуда, забони асосии тадриси толибилмхо киргизи ва руси ба хисоб меравад, аммо омузиши забони чинои хамчун забони хоричи хатми мегардад. Дар хамин хол вакили порлумони Киргизистон Роза Отунбоева аз вакилони дигар даъват кардааст, то зимни тасдики чунин аснод бештар сари пайомади ногувор андеша намуда, чудо ва воридшавии сармояи иловагиро сарфи назар кунанд.

Солхои охир хар як давлати хоричи бо карорхои махсуси худ вориди Киргизистон мешавад ва бо роххои мухталиф асоси идеоложии худр миёни шахрвандон пахн менамояд, ки ин ба амнити кишвар хамчун миллат хатар дорад, гуфтааст Роза Отунбоева. Илати дигари рад кардани чунин тарххои хамкориро вакили порлумони Киргизистон дар эхтимоли бо чойи кор таъмин нашудани мутахасисони бахши сохтмонии киргиз арзеби кардааст. Роза Отунбоева нигарони аз он дорад, ки чаро шахрвандони Киргизистон алайхи афзоиш ёфтани мардуми чин дар каламрави кишварашон эътироз надоранд.

Вакили порлумони Киргизистон Роза Отунбоева ягона шахрванди кишвари Осиёи Маркази нест, ки аз афзоиши мардуми Чин дар ин минтака нигарони намояд. Бо ин мазмун каблан шахрвандони Казокистон гирдихамоие баргузор намуда, аз макомоти кишварашон талаб карданд, то аз ичора додани 1 млн гектар замин ба Чин худдори намоянд. Шахрвандони давлатхои Казокистон ва Киргизистон дар холе нигарони аз хузури мардуми чинои доранд, ки тибки мушохида дар ин авохир теъдоди онхо дар Точикистон бо суръат афзоиш меебад. Шахрвандони Чин бештар тибки барномахои омузиши забон, анчом додани тичорат ва бунеди роххо ба каламрави Точикистон ворид шудаанд. Гуфтанист, дар ин авохир шахрвандони кисми чануби Точикистон аз афзоиш ёфтани издивочи мардони чин бо духтарони тахчои нигарони карданд. Хамзамон як катор сохибкорон ва точиронро танг шудани доираи фаъолияташон дар бозорхои кишвар дар робита ба афзоиш ёфтани мардуми чин ба ташвиш овардааст. Чомеашинос Фирузи Барот мегуяд, ки дар киёс бо дигар миллатхо мардуми Чин хусусияти зуд пахн ва дар баробари ин бо чойи кор таъмин шуданро доранд. Хамсухбатам омили дигари муваффакияти мардуми Чинро дар корчалон ва тахамулпазирии онхо арзеби намуд. Фирузи Барот бо таваччух ба комеби ноил гаштани шахрвандони Чин дар бахши сохибкории Точикистон мегуяд, бештар вазъи камбизоати мардумро мачбур кардааст, то ру ба бозорхои ин кишвар оранд. Зеро гуфт чомеашинос молу колои истехсоли чин сифатан паст буда, дар фуруш бо нархи арзон гузошта шудаанд. Ба бовари Фирузи Барот аз афзоиш ёфтани шахрвандони Чин бояд чилавгири намуд, зеро ин ба амнияти мардуми тахчои хатар эчод мекунад:  «хар чо ки сохибкори аст ва тичорат дар рушд аст он чо маблаг низ бештар мешавад, ки мардуми мо кабизоат хастанд ва ин маблагро феълан мардуми хоричи доранд. Метавон гуфт, ки барои харидори намудани манзил дар марказ, ки аксари чавонон мушкил доранд миёни точикон ва чиноихо нофахмихо сар занад»

    Номбурда мутакид аст, ки зиед шудани издивочи мардуми точик бо чинои пайомади ногуворе, ба мисли аз байн рафтани генофони миллиро дар пай дошта метавонад. Марям Давлатова, рахбари Созмони чамъиятии "Маркази сиёсати гендери" бошад тахдиди аслии хузури шахрвандони Чинро дар бечойи кор мондани мардуми точик арзеби мекунад. Ба таври мисол хамсухбатам аз фурухта шудани сахмияхои корхонаи муштараки «кони тиллои Ззарафшон» аз инглисхо ба сармоядорони Хитои гуфт, дархол масъулини Чин хамтоёни худро оварда, мардуми точикро аз кор махрум карданд:  «агар онхо мутахассисоне бошанд, ки чомеаи точик ниёз ба он дорад, бадие недорад. Сухан дар мавриди омадану рафтани онхо нест, бояд бештар дар мавриди бок адом максад ворид шудани онхо ва чи бурд кардани мардуми точик аз хузури онхо андеша намуд. Ба таври мисол дар хамон рохсози хеч мутахасиси чинои фаъолият надорад, онхо нафароне хастанд, ки аз махбасхонахои Чин ба мо фиристода шудаанд»

     Махз пахлуи ворид шудани махбусини чиноиро хонум Марям Давлатова хатари чиддие ба амнияти миллат ва давлат медонад. Аз ин хотир мегуяд, номбурда кабл аз ворид шудани онхо ба Точикистон масъулинро лозим аст, то дар бораи шахсият, фаъолият ва хадафи он мухочир маълумоти дакик руйи даст дошта бошад: «дарро кушодем, факр нест меоянд, аз хам кишвари дуне на танхо аз Чин. Мутаасифона мардуми точик феълан хисси худдифоъиро надорад. Раванди мухочират дар кишвархои дуне хаст, бубинед мардуми мо барои таъмини рузгораш ба Русия мераванд, пас якин аст ки миллати дигар Точикистонро интихоб мекунад. Раванди мухочират падидаест, ки онро пешгири кардан имкон надорад..»

    Аммо раванди мухочироиро масъулини Точикистон метавон ба танзим дароранд, илова намуд рахбари Созмони чамъиятии "Маркази сиёсати гендери". Аз ин лихоз хонум Марям Давлатова рохи хали мушкилиро дар таъсис додани Вазорати вижаи мухочирин дар Точикистон медонад. Бояд тазаккур дод, нахуст рахбари ХНИТ Мухиддин Кабири зимни баргузории Анчумани кабл аз интихоботи дар мавриди зарурияти таъсиси Вазорати умури мухочирин гуфт, ки ин яке аз барномаи руйи даст гирифтаи хизб мебошад. Бо зикри ин нукта окои Кабири гуфт, ки феълан дар Точикистон ниходхо ва вазоратхое амал мекунанд, ки ба давлати Точикистон хеч даромадеро дар пай надоранд. Ба таври мисол пешвои ХНИТ аз фаъолияти Очонсии мубориза бо фасоди назди президенти Точикистон оварда мегуяд, ки тибки маълумоти расми дар ин ниход хам ришвадиханда ва хам назораткунанда фаъолият дорад ва аз ин хотир назорат аз болойи ин ниход бояд бар ухдаи парлумон ва ё додгоххои кишвар гузошта шавад. Баъдан, Вазири мехнат ва хифзи ичтимоии Точикистон Шукурчон Зухуров зимни нишасти матуботи низ дар мавриди эхтимоли таъсис ёфтани Вазорати умури мухочирин сухан намуд..


 

 

Комментариев нет:

Отправить комментарий